Дш, 17 Июн 2019 | 23:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

Курси омузиши дар мавзӯи «Kaspersky Endpoint Security and Management»

Саридораи њифзи сирри давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд Саридора) ба иттилооти Шумо мерасонад, ки љињати иљрои банди 27 Номгўи чорабинињои солњои 2018-2020-и Барномаи давлатии рушд ва татбиќи технологияњои иттилоотию коммуникатсионї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2020 ҷиҳати омузиши мутахассисони соњаи њифзи иттилоот курсњои кўтоњмуддат ташкил менамояд. Курси мазкур аз рӯи мавзўи «Kaspersky Endpoint Security and Management» сурат гирифта, аз санаи 15 то 19 апрели соли 2019 дар Маркази таълимии КВД «Маркази њифзи техникии иттилоот сертификатсия ва экспертиза»-и Саридора бо љалби мутахассисони ширкати «Kaspersky»-и ширкати Осиёи марказии шаҳри Алма-Ата гузаронида мешавад, ки ин иќдом ба рушду такомули дониш ва малакаи мутахассисони соњаи њифзи иттилоот созгор мебошад.

Дар курси мазкур мавзуъњои амнияти иттилоотї, муќовимат бо киберљиноятњо, хизматрасонии электронї ба ањолї, њуљљатгузории электронї, имзои электронии раќамї, њифзи додањои инфиродии шањрвандон, намоиши воситањои њифзи иттилоот ва дигар масъалањои њифзи техникии иттилоот баррасӣ мегарданд.

Қонун ва қарорҳои соҳаи ҳифзи иттилоот талаб менамояд, ки њар як мутахассис оид ба њифзи иттилоот бояд дорои сертификат бошад.

Муњлати пешнињоди дархост то 12 апрели соли 2019.