Ҷм, 26 Апрел 2019 | 17:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

Баррасии вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону САҲА

Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар Душанбе, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин  бо  Дабири кулли  САҲА Томас Гремингер  доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА-ро тибқи ваколати Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон муҳокима намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо Муовини Дабири Кулли СММ, Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот анҷом дода, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистонро бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо дар самти мубориза бо таҳдиду чолишҳои  амниятӣ  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Конфронси дурӯзаро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо барпо мекунад.

Дар кори он роҳбарон ва намояндагони воломақоми идораи сиёсати хориҷӣ ва дигар вазорату мақомоти марбутаи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Венгрия, Швейтсария, Баҳрайн, Ҳиндустон, Арманистон, Русия, Чин, ИМА, Испания, Олмон, Чехия, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шветсия, Британияи Кабир, Украина, Ҷумҳурии Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувейт, Умон, Алҷазоир, Сурия, Ливия ва дигар кишварҳо иштирок доранд.

Ҳамчунин дар кори конфронс роҳбарону намояндагони як қатор созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИА, СААД, СҲШ, ИДМ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ низ ҳузур доранд.